БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ ОСОН АСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак  корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотиро бо усули “хона ба хона” ва ҳамчунин, доир ба  истифода намудани оқилона ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон дар деҳаву маҳалаҳои Ҷамоати деҳоти Пули Сангин  баргузор намуда истодаанд.

Масъулин дар рафти чорабинии мазкур қайд намуданд, ки бемории сироятии (COVID-19) дар як муҳлати кӯтоҳ зиёда аз 210 давлати сайёраро убур кардааст, ки сироятёбиаш аҳли оламро то ба ҳол ба коми марг кашида, зиёда аз чор моҳ мешавад, ки хавфи бемории коронавирус аҳолии ҷаҳонро ба таҳлука андохта, ин бемории сироятӣ 90 дар сади калонсолонро гирифтори худ гардондааст. Бемории вабои нав садҳо ҳазор одамонро мубтало карда, даҳҳо ҳазор ҳаёти одамони рӯи оламро аз байн бурдааст. Аз ин хотир ҳар як сокини кишварро зарур аст, ки дастуру тавсияҳои табибонро ҷиҳати пешгирӣ аз ин беморӣ риоя намуда, худ ва дигаронро аз ин бемории хавфнок ҳифз намоянд.

Ҳамзамон,  оид ба амалигардонии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  вобаста ба вазъи ноустувори ҷаҳони муосир дар шароити шиддат ёфтану афзоиши таҳдиду хатарҳои глобалӣ, аз ҷумла вируси  “СOVID-19” корҳои мушоҳидавию фаҳмондадиҳиро ҷиҳати истифодаи самараноки ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ, заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ ташкили кишти зироатҳо, ҷамъоварии ҳосили баланд ва захира намудани маводҳои хӯрока ба сокинон тавсияҳои судманд дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg