МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод дар ташкилоти ибтидоии “Исмоили Сомонӣ” оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои назди муассиса ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда, ба иштирокчиён ба миқдори 73 адад маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории коронавирус дастрас карданд.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротзода иштирок ва суханронӣ намуда, таъкид кард, ки ҳифзи солимии ҷомеа аз ҳар як шаҳрванди кишвар вобастагии калон дошта, моро зарур аст, бо истифода аз тавсияҳои духтурон саломатии худро эмин нигоҳ дорем.