ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо сокинони Ҷамоати деҳоти Гулистонии шаҳр доир гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Ватанзода Сайҷаъфар ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ намуда, аз варақаҳои иттилоотии оид ба коронавирус ва варақаҳои истифодаи самараноки заминҳои кишоварзиро дастрас намуданд.
Масъулини Кумитаи иҷроия аз тавсияҳои табибон ёдовар шуда, қайд карданд, ки имрӯз сироят шудани як нафар баъди ду ҳафта боиси сирояти садҳо нафари дигар мешавад ва аз сироят эҳтиёт кардани як нафар садҳо дигарро наҷот медиҳад. Агар шумо беморед, кӯшиш кунед, ки касе аз Шумо сироят наёбад. Агар сиҳатед, эҳтиёт кунед, ки сироят наёбед.