ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант баҳри пешгирии бемории сироятии коронавирус дар якҷоягӣ бо БДА-и шаҳр дар кӯчаҳои маркази шаҳр, инчунин дар деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Гулистон бо истифода аз баландгӯяки мошини сабукрави БДА ба саҳми аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Суҳроб Валиев дар ҳамкорӣ бо БДА-и шаҳр дар кӯчаҳои маркази шаҳр, инчунин дар деҳаҳои Эшонобод, Гулистон, Тоҷирон, Баҳодурон ва Хуррамдеҳи Ҷамоати деҳоти Гулистон бо истифода аз баландгӯяки мошини сабукрави БДА ба саҳми аҳолӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.
Ҳамзамон, масъулин дар суҳбат бо сокинон ба кишту кори баҳорӣ дар заминҳои наздиҳавлигӣ, захира намудани маҳсулоти ғизоӣ ва ба хоҷагиҳои деҳқонӣ машғул шуданашон таъкид намуда, ба онҳо варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, инчунин варақаҳои иттилоотӣ оид ба истифодаи самараноки заминҳои кишоварзиро дастрас намуданд.