БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ҲАМАРӮЗА ИДОМА ДОРАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён оид ба масъалаҳои мубрами рӯз, яъне пешгирӣ аз бемории сироятӣ (COVID-19)  дар муассисаи таҳсилоти томактабии №3 вохӯрӣ доир карданд.

Ҳадаф аз ин вохӯриҳо дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID-19), оқилона ва самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин, ҷалби сокинони нияти сафари ҳаҷдошта ба корҳои ободониву созандагӣ анҷоми амалҳои хайр ба ниёзмандон ва татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” мебошад. Дар охир чорабинии ҳизбиро ҳамагон якдилона дастгирӣ карда,чанде аз онҳо иброз доштанд, ки барои бо дастовардҳои  назаррас истиқбол  гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  саҳм мегузоранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg