КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи босамари ҳар порча замин, заминҳои дар ихтиёрбударо барои рӯёнидани зироати кишоварзӣ истифода намуда, аз ҳоло ба кишти такрорӣ омодагӣ гирифтан лозим аст ва риояи гигиенаи шахсӣ ин ҳамаро кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар вохӯрӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Навкор” фаҳмониданд.
Ҳамзамон, масъулин ба аъзои ташкилоти ибтидоӣ маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои дар болозикршударо дастрас карданд.