БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МОРО ЛОЗИМ АСТ, ДАР ИН ШАБУ РӮЗ БО НЕРУИ ТАВОНО ЗАҲМАТ КАШЕМ

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ” дар ноҳияи Кӯшониён бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия маҷлиси ташкилоти ибтидоии мазкур доир шуд, ки дар кори маҷлис  якчанд масъала алалхусус  саҳми ташкилоти ибтидоӣ  дар корҳои ободонию созандагӣ, тасдиқи нақша-чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  вазифаҳои аввалиндараҷа ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо  мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва ба аҳолӣ фаҳмонидани самаранок истифода бурдани заминҳои кишоварзӣ мавриди барассӣ қарор гирифт.

Инчунин, қайд карда шуд, ки пеш аз ҳама мо аъзои  ҲХДТ  бояд ба мардум фаҳмонем, ки   беҳдошти муҳити атроф, фарҳангу оини   рӯзгордорӣ, омода кардани ғизову риояи гигиенаи шахсӣ, одоби муошират ва тоза нигоҳ доштани муҳити атроф аке аз омилҳое мобошад, ки худ ва атрофиёнро аз бемориҳои сироятӣ эмин нигоҳ медорад. Аз ин хотир моро лозим аст, дар ин шабу рӯзҳои ниҳоят ҳассос бо неруи хос ва тавоно заҳмат кашему барои таъмини амнияти озуқаворӣ ягон ваҷаб замини зархезамонро бекор намонем, аз обу ҳавои мусоид самаранок истифода карда, ба коштани зироатҳо ва ғундоштани ҳосилҳои барвақтӣ машғул шавем.

 Ҳамзамон, барои  огоҳонидани иштирокдорон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  маводҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии бемории коронавирус ва тарзи дурусти истифодабарии заминҳои кишоварзӣ дастрас  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg