БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУД ВА ОИЛААТРО АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ НАМО!

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ва оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “хона ба хона” кормандони    масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар маҳаллаи ба номи Ҷумъа Сатторов  гузарониданд.

Масъулин қайд карданд, ки мақсаднок истифода бурдани заминҳои наздиҳалигӣ ва гирифтани ду-се ҳосил аз он, яке аз вазифаҳои асосие мебошад, ки давлату Ҳукумати кишвар дар назди сокинони мамлакат бо мақсади таъмини амнияти озуқаворӣ гузоштааст, мо бояд дар ҳар ваҷаб қитъаҳои замин бо заҳмату меҳнати софдилона маҳсулоти кишоварзӣ кишт намоем. Ӽамчунин, аз сокинон даъват ба амал оварданд, ки гигиенаи шахсиро риоя намуда, дар ҷойҳои серодам гаштугузор нанамоянд ва аз хонаҳояшон безарурат набароянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg