БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЪОЛИЯТИ ВАСЕЪ БАҲРИ ҲИМОЯИ СОКИНОН АЗ КОРОНАВИРУС

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар Ситоди кории Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук оид ба пешгирии бемории нави коронавирус иштирок намуданд. Дар Ситоди корӣ нахуст, раиси Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук Мирзоев Сайҷаъфар баромад намуда, раисони кумитаҳои маҳалла, фаъолонро ба иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ вазифадор намуд.

Зинман мавсуф  Муроҷиатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба дарки иштирокдорон расонида, даъват ба амал овард, ки дар давраи ҳассоси таърихӣ баҳри иҷрои дастур ва супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан фаъолият намуда, миёни мардум корҳои фаҳмондадиҳиро бештар амалӣ созанд. Ӽамчунин, гуфта шуд, ки Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия ҳамарӯза тариқи гурӯҳи ихтиёриён ва кормандони ҳизбӣ миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотиро дастрас намуда истодааст.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg