БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ГУРӮҲИ ИХТИЁРИЁН ДАР КОРҲОИ ТАРҒИБОТӢ ФАЪОЛАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроия бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро дар маҳаллаи ба номи Бӯри Ҳакимови Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук ба анҷом расониданд. Онҳо дар даст варақаҳои иттилотӣ аз рӯи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ  бо риоияи масофаи 2-3 метр бо шаҳрвандон суҳбат намуда, ба ҳар яки онҳо риоияи қоидаҳои беҳдоштиро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ доданд. Дар рафти суҳбат таъкид намуданд, ки татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати пешгирии бемории нави коронавирус ва захираи маҳсулоти озуқаворӣ шаҳрвандон бояд масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, саҳми худро гузоранд.

Ӽамчунин, қайд карда шуд, ки дар тамоми давлатҳои ҷаҳон шаҳрвандон дар пешгирӣ ва мубориза ба ин бемории сироятӣ муттаҳид шуда, аз вазъияти карантинӣ баромаданд.  

Гурӯҳи ихтиёриён, инчунин дар ҷойҳои ҷамъиятӣ варақаҳои таблиғотиро оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва риояи қоидаҳои гигиенӣ насб намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg