БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАҲОИ ПЕШГИРИКУНАНДА АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ДАР МАҲАЛ

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Суҳбату вохӯриҳои навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар якҷоягӣ бо гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроия дар  бунгоҳи тиббии деҳаи Навбаҳор оид ба пешгирии бемории короновирус сурат гирифт, ки дар он гурӯҳи  корӣ аз тавсияҳои Созмони  Ҷаҳонии Беҳдошт барои пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус ба саъми иштирокчиён расониданд. Инчунин, аз ҷониби масъулин гуфта шуд, ки тавсияҳои Созмони  Ҷаҳонии Беҳдошт барои пешгирии сироятёбӣ аз  коронавирус риояи оддитарин қоидаҳои беҳдоштиро тавсия медиҳад. Бояд зуд-зуд дастонро бо собун ва зери оби равон шуст, махсусан пас аз атса задан ё сулфидан ва ҳамчунон ҳангоми нигоҳубини беморон,  тайёр кардани хӯрок, пас аз рафтан ба партовҳо, пас аз тамос бо ҳайвонот ё партовҳои онҳо. Ҳангоми сулфидан ва атса задан даҳон ва биниро бо рӯймолча пӯшондан зарур аст.
Дар охир аз ҷониби гурӯҳи корӣ маслиҳат дода шуд, ки мо набояд ба таҳлука афтем, балки тамоми чораҳои заруриро баҳри пешгирӣ аз ин бемории хавфнок биандешему аз тавсияҳои духтурони минтақавӣ ба таври лозима истифода барем, тоин ки худ ва дигаронро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҳифз намоем. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg