БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ТАШКИЛОТҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ТАТБИҚИ СИЁСАТИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ КАЛОН АСТ

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар якҷоягӣ бо аъзои ташкилоти ибтидоии «Зебунисо» бо усули «хона ба хона» дар маҳаллаҳои Ҷавонон, Сино, Роғиён ва деҳаҳои Шӯроободу Себдараи Ҷамоати деҳоти Шӯрообод  чорабинии ҳизбиро анҷом доданд. Зимни  баргузории чорабинӣ  масъулин оид ба пешгирӣ ва риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла (COVID-19) аз  сокинон даъват ба амал оварданд, ки бо  маслиҳату тавсияи табибон  амал намоянд, то ин ки худ ва дигаронро аз ин бемории хавфнок эҳтиёт кунанд. Сипас,бо дастгирии ташкилоти ибтидоии «Зебунисо» ба оилаҳои ниёзманд, маъюбон, бепарасторон ва ятимон  баҳри пешгирӣ аз бемории коронавирус беш аз дусад  дона ниқобҳои муҳофизатӣ ба таври ройгон дастрас карда шуд. Инчунин, дар ин раванд раиси ташкилоти ибтидоии мазкур Холмадова Мастура дар моҳи мубораки шарифи Рамазон бо пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳисоби буҷаи шахсиаш ба оилаҳои ниёзманди ҷомеа ба маблағи беш аз 500 сомонӣ  кумаки молиявӣ расонид, ки ин иқдоми нек аз ҷониби ниёзмандон бо руҳбаландии бепоён  пазируфта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg