БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САЛОМАТӢ ГАНҶИ БЕБАҲОСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Обтаъминкунӣ” оид  ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби бештари шаҳрвандон ба корҳои кишоварзию хоҷагидорӣ, ки ин ҳама аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бармеоянд,  хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ ва самаранок истифода намудани заминҳои кишт баромад намуда, қайд карданд, ки солимии миллат бойгарии асосии давлат буда, ҳар як шаҳрванди кишварро лозим аст, барои солимии хешро нигоҳ доштан ҳамарӯза қоидаҳои гигиенаи шахсиро риоя намояд худ ва наздиконашонро аз бемориҳо сироятӣ эмин нигоҳ дорад. Инчунин, зикр гардид, ки самаранок истифода намудани ҳар порча замин манфиатнок буда, барои таъмини амнияти озуқаворӣ манфиатбахш мебошад. Аз ин лиҳоз ҳар яки моро зарур аст заминҳои бекорхобидаи худро самаранок истифода намуда дар як сол 2 - 3 ҳосил ба даст орем. Дар охир ба кормандони ташкилоти номбурда варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дастрас  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg