БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ САМАРАНОК ИСТИФОДА МЕШАВАНД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи чорабинии ҳизбӣ бо усули  “хона ба хона” кормандони масъули  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар деҳаи Гирдоби Ҷамоати деҳоти Пули сангин бо сокинон мулоқот доир намуданд. Зимнан масъулин  аз заминҳои наздиҳавлигии сокинон дидан карда, барои самаранок истифода бурдани замин ва бардоштани ҳосили дилхоҳ  тавсияҳои судманд доданд. Инчунин, зикр гардид, ки тибқи дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро зарур аст заминҳои киштро самаранок истифода намуда, дар як сол барои рӯёнидани 2-3 ҳосил бештар меҳнату заҳмат кашем. Дар охир ба сокинон маводҳои таблиғотӣ оидба пешгирии бемории сироятии Коронавирус дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg