БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН МАНФИАТБАХШ МЕБОШАД

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, риояи гигиенаи шахсӣ ва самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Зимнан қайд гардид, ки  саломатии ҳар шахс дар дасти худи ӯст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, барои аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ эмин мондан бояд қоидаҳои гигиениро риоя намоем ва ҳамрӯза ғизои солим истеъмол кунем. Инчунин, таъкид карда шуд, ки ҳар  ваҷаб замини ба уҳдадоштаи худро самаранок истифода намуда, барои рӯёнидани ду-се ҳосил дар як сол талош варзанд. Дар охир ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg