Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо хуруҷи бемории сироятӣ, аз ҷумла короновирус ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҳамарӯза дар аксари кишварҳои олам шумораи зиёди одамон ба ин беморӣ гирифтор мешаванд. Сироятёбӣ ва фавти одамон бар асари вируси мазкур дар кишварҳои дунё хеле зиёд ба қайд гирифта шудааст. Бо мақсади пешгирӣ аз сироятёбӣ ва хатару оқибатҳои он бо дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷойҳои серодам, аз ҷумла мағозаву нуқтаҳои савдо бо маҳлулҳои кимиёвии безараркунанда безарар гардонида шуданд. Дар ин раванд бо усули “хона ба хона” оид ба пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус чорабинии ҳизбӣ роҳандозӣ гардида, таъкид карда мешаванд, ки яке аз омилҳои асосии пешгирӣ безараргардонии макони зист ва риояи қоидаҳои бехатарии беҳдошт ба шумор меравад.