КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ риояи талаботи беҳдоштӣ ва пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ масъалаи муҳими замони имрӯза ба ҳисоб рафта, ҳар яки моро водор месозад, ки беш аз ҳар вақти дигар ба тозагӣ ва гигиенаи шахсии худу аҳли оилаамон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.
Ба ин хотир кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Файзи Истиқлол” оид ба масъалаҳои дар болозикршуда ва самаранок истифода бурдани ҳар як ваҷаб замини зархез бо усули “хона ба хона” чорабинии ҳизбӣ гузарониданд.
Инчунин, аз ҷониби масъулин маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои мазкур ба аъзои ташкилоти ибтидоӣ дастрас карда шуд.