КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва ба мардум фаҳмонидани самаранок истифода бурдани замин бо усули “хона ба хона” корро дар ин самт пурзӯр намуда истодаанд.
Ба ҳамин хотир намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ба деҳаи ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати деҳоти Заргар ташриф оварда, корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд. Дар рафти суҳбат масъулин қайд карданд, ки ба саломатии худ ва аҳли оила, ба меҳнатдӯстӣ ҷалб намудани хонавода диққати ҷиддӣ дода, ҳар як ваҷаб замини дар ихтиёрдоштаро самаранок истифода намоянд ва ҷиҳати рӯёнидани ду-се ҳосил аз як замин бо истифодаи тухмиҳои хушсифат ва дар ин замина таъмини захираи озуқа барои ду соли оянда тадбирандешӣ кунанд. Ҳамзамон, иброз гардид, ки имрӯз аз мо тақозо мекунад, ки ба тарсу таҳлука наафтода ба таври лозима барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус омода бошем ва зиракиро аз даст надиҳем.