КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии деҳаи “Сулҳобод” чорабинии ҳизбӣ доир гардида, намояндагони ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” ҷиҳати риояи гигиенаи шахсӣ, истифодаи ниқобҳои яккарата ва маҳлулҳои безараргардонӣ, тарзи дуруст шустани дастон бо собун, самаранок истифода намудани замин маслиҳатҳои муфид доданд.