БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО СОКИНОН

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Имрӯзҳо тамоми ҷаҳонро вабои нави аср, бемории сироятии коронавирус ба ташвишу нигаронӣ гирифтор кардааст. Ин вазъ моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа дода, нагузорем, ки ин бемории хатарнок дар миёни ҷомеа паҳн гардад. Риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ яке аз  аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии ин беморӣ мебошад. Ин ҳамаро дар вохӯриашон бо аъзои ташкилоти ибтидоии  ба номи “Абдураҳмони Ҷомӣ” кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Кӯшониён аз ҳавзаи интихоботии № 35 Юсупова Тоҷихон қайд намуданд.

Инчунин, иброз карда шуд, ки ба тозагии муҳити зист аҳамияти аввалиндараҷа дода, дар ободонии манзил ва маҳалли худ дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ саҳм гузошта, шароити арзандаи зиндагиро барои худ ва аҳли оила  муҳайё намоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg