БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТО РАНҶ НАБАРӢ, ГАНҶ БА ДАСТ НАОРӢ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус навъи (СOVID-19) ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории сокинон  дар деҳаи Ваҳдати  Ҷамоати шаҳраки Бохтариён корҳои фаҳмондадиҳӣ, тақсимоти маводҳои таблиғотӣ ба роҳ монданд. Масъулин дар рафти чорабиӣ оид ба масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус таъкид намуданд, ки ягона амале, ки имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ба тарсу таҳлука наафтида, ба таври лозима омода гаштан барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус мебошад. Бояд ҳар яки мо беш аз ҳар вақти дигар дида ба тозагӣ ва риояи гигиенаи шахсии худу аҳли оила таваҷҷуҳ карда, аз ҳузур дар ҷойҳои серодам канораҷӯӣ кунем ва дар ин бора танҳо ба хабарҳои расмии мақомоти дахлдор бовар кунем.Инчунин, вобаста ба оқилона истифода бурдани  ҳар порча заминҳои корам  тавсияҳо дода шуда, сокинон барои бардоштани  хосили дилхоҳ  раҳнамоӣ карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg