КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ноҳияи Кӯшониён, оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аъзои ташкилоти ибтидоии “М НДСЭ” ҳамаррӯза тамоми муассисаҳои таълимӣ, нуктаҳои савдо, марказҳои хизматрасонӣ, хонаҳои истиқоматии шаҳрвандон ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро безарар гардонида истодаанд. Ҳамаи тадбирҳои андешидашуда, баҳри пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, ба хусус коронавирус равона гардида,ба сокинон оид ба пешгирии ин бемории хавфнок аз ҷониби масъулин тавсияҳои судманд дода мешавад.