БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВУСЪАТИ КОРҲОИ ТАБЛИҒОТӢ ОИД БА БЕМОРИИ COVID-19

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз ҷомеаи моро низ ба ташвиш овардааст, гурӯҳи кории назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар дар якҷоягӣ бо раиси  Кумитаи иҷроия Шарифзода Маҳмадаюб дар деҳаҳои Қиёт  ва  Чорбоғ 1-и Ҷамоати деҳоти ба номи Ишмурод Ниёзов корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор намуданд.

Дар чорабинии мазкур Шарифзода Маҳмадаюб дар бораи роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19)  ва роҳҳои пешгирӣ аз онро ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода, афзуд, ки  аз ҷониби давлату Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирии ин вабои  аср тамоми чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст. Набояд мо ба ҳар гуна овозаҳои беасос бовар кунем. Бинобар ин моро лозим аст ба таҳлука наафтида, бар зидди ҳамагуна бемориҳои сироятӣ бо риояи  гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳал   муборизаи беамон барем. Инчунин, дар ин раванд  вобаста ба самаранок истифода бурдани ҳар ваҷаб замин ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ таъкид карда шуда, ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ  ва 100 дона ниқобҳои ҳифзкунанда  дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg