Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар Ҷамоати деҳоти Калинини ноҳия оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемории коронавирус вохӯрӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Алиев Зафар доир гардид.
Зимни баромад Алиев Зафар қайд намуд, ки паҳншавии босуръати каронавирус дар кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникаву технологияи пешрафта таъсири худро расонида, зиёни сахти ҷониву молӣ боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Аз ин лиҳоз ҳар як шаҳрванди кишварро лозим аст, ки ҳолатҳои беҳдоштиро хуб риоя намуда, худ ва наздиконро аз ин вабои аср эмин нигоҳ дорад.
Дар идомаи чорабинӣ оид ба истифода намудани ҳар порча замин тавсияҳо пешниҳод гардида, қайд карда шуд, ки истифодаи самараноки ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ, ташкили кишти зироатҳои кишоварзӣ, ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи он ба манфиати халқ мебошад. Дар охири суҳбат ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.