БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ХУД ВА ОИЛААТРО ҲИФЗ НАМО!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба  пешгирии  хатари  бемории  Коронавирус гурӯҳи  кории назди Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   миёни сокинон бо  усули  «хона  ба  хона» ҳамзамон   истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва  захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ  вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир   ба  роҳ  монда  истодаанд.

Дар  деҳаи  Гулзори   Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  чунин чорабинӣ  баргузор гардида,   ба  сокинон  роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирусро   бо  усули  «хона  ба  хона»  фаҳмониданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд, бо риояи  гигиенаи шахсӣ ва тозагии маҳал   худ  ва  оилаашонро  аз  ин  беморӣ ҳифз  намоянд.  Сипас, ба онҳо  варақаҳои  тавсиявӣ  оид ба пешгирии бемории коронавирус ва  нишонаҳои пайдоиши он дастрас карда шуд. Ҳамзамон,  оид  ба  амалигардонии  дастуру  супоришҳои  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба  вазъи  ноустувори  ҷаҳони  муосир  дар  шароити  шиддат ёфтану  афзоиши  таҳдиду  хатарҳои глобалӣ,  аз  ҷумла  вируси даҳшатноки «СОVIД-19»  андешаронӣ карда шуда, ҳамагонро ба истифодаи  самараноки  ҳар  қиъаи замини   наздиҳавлигӣ, заминҳои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва  Президентӣ ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ  таъкид карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg