БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ОВОЗАҲОИ БЕАСОС БА ТАҲЛУКА НААФТЕД!

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади роҳандозии корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ гурӯҳи  кории назди  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи Носири Хусрав  миёни  сокинон оид ба пешгирии бемории коронавирус ва   истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ   бо  усули  «хона  ба  хона» чорабинии ҳизбиро ба  роҳ  монда  истодаанд.

Ин навбат аъзои  гӯрӯҳи  корӣ дар  деҳаи  Сангоба 2-и   Ҷамоати  деҳоти  Наврӯз  вохӯриҳо  баргузор намуда,   ба  сокинон  роҳҳои  пешгирии бемории сироятиро фаҳмонида, таъкид карданд, ки    риояи қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  худ  ва  оилаашонро  аз ин  беморӣ ҳифз  намоянд  ва барои  пешгирии  беморӣ  ба онҳо варақаҳои  тавсиявиро дастрас карданд. Инчунин, дар идомаи сухан  ёдоварӣ  намуданд, ки аз  овозаҳои бардӯрӯғ  ба  таҳлука нафтида, бештар баҳри таъмини зиндагии арзандаи худ ба корҳои зироаткориву хоҷагидорӣ машғул гардида, дар таъмини амнияти озуқаворӣ саҳм гузоранд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg