БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲРВАНДОН БА ИСТИФОДАИ ОҚИЛОНАВУ САМАРАНОКИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ ҲИДОЯТ ГАРДИДАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ва оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Меҳрвари поёни  Ҷамоати деҳоти Чубек суҳбату корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.

Раҳимҷон Шарипов ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Нигинамо Қандова дар рафти чорабинӣ оид ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваҷаб замин, рӯёнидани ду-се ҳосили зироатҳо, захираи дусолаи маводи ғизоӣ   суҳбат намуда, иброз доштанд, ки мо бояд тозагиву қоидаҳои беҳдоштиро ҷиддан риоя намоем. Шукронаи онро кунем, ки иқлими кишварамон, бахсус вилояти Хатлон имконият медиҳад, ки дар сурати оқилона истифода бурдани замин соле ду-се ҳосил ба даст овардан мумкин аст ва  ба ин  васила шароити арзандаи зиндагиро фароҳам оварда, амнияти озуқавориро дар Тоҷикистон пурра таъмин хоҳем кард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg