ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Даштигулои Ҷамоати деҳоти Даштигуло бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ва оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин корҳои фаҳмондадиҳӣ гузарониданд.
Гадоӣ Сайдалиев ва Проштов Сино зимни суханронӣ оид ба масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ, самараноку оқилона истифода намудани ҳар як ваљаб замин, рӯёнидани ду- се ҳосили зироатҳо, захираи дусолаи маводи ғизоӣ суҳбат намуда, қайд карданд, ки мо бояд гигиенаи шахсиро бе чуну чаро риоя намоем. Риояи ҳаррӯзаи гигиенаи шахсӣ омили асосии беҳдошти саломатӣ ва солимии ҷомеа аст. Иқлими кишварамон, бахсус ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ имконият медиҳад, ки дар сурати оқилона истифода бурдани замин соле ду- се ҳосил ба даст овардан мумкин аст ва ба ин васила шароити арзандаи зиндагиро фароҳам оварем. Масъалаи пурсамар истифода бурдани киштзорҳо, бахсус заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои Президентӣ омили асосии таъмини амнияти озуқавории мамлакат мебошад.