КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ, истифодаи самараноки замин ва расонидани ёрии равонӣ чораҳои зарурӣ андешида истодааст. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии “Маркази тропикӣ” вохӯрӣ баргузор намуданд.
Масъулин зимни баромади хеш қайд карданд, ки мо бояд аз овозаҳои беасос ба тарсу таҳлука наафтида, балки ба таври лозима омода гаштан барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус чораандешӣ намоем. Бояд мо беш аз ҳар вақти дигар дида ба тозагӣ ва гигиенаи шахсии худ таваҷҷуҳ карда, аз ҳузур дар ҷойҳои серодам канорҷӯӣ кунем. Заминҳои наздиҳавлигии худро самаранок истифода бурда, бо мақсади аз ҳар қитъаи замин рӯёнидани ҳосили хуб ҷидду ҷаҳд намоем.