БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕАИ СОЛИМ-МИЛЛАТИ СОЛИМ

КӮЛОБ. Дар  доираи  Солҳои  таҳкими  худшиносии  миллӣ  (2020-2021) Оид ба роҳандозии корҳои ободонию созандагӣ ва ҷиҳати риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ бо мақсади пешгирии касалиҳои сироятӣ, истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин дар  ташкилоти ибтидоии “Маркази барқароркунии саломатӣ”   вохӯрӣ доир карда шуд.

Аввалан аз  ҷониби намоянядагони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷатнигории ташкилоти  ибтидоӣ аз назар гузаронида  шуда,  ба шахсони мутасаддӣ  барои боз ҳам пурзӯр намудани фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ тавсияҳои судманд дода шуд.  Сипас,  бобати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо иштирокдорон  мулоқот доир  карда шуда, аз ҷониби масъулин  қайд карда шуд, ки Вазорати тандурустии кишвар дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута айни замон барои  пешгирии бемории сироятии коронавирус тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. Аз ин хотир  ба ҳангомаву  хабарҳои  бардурӯғ бовар накарда, баҳри ҳифзи солимии худ ва дигарон ба қоидаҳои беҳдоштӣ дар оила ва шахсӣ  ҷиддӣ  муносибат намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg