ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзодаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён бо усули “хона ба хона” ҷиҳати бештар маълумот пайдо намудани сокинон аз бемории сироятии коронавирус варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуда, аз ҷониби кормандони масъули ҳизби ноҳия аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосилҳои дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд. Ба ҳар гуна овзаҳои беасос дода нашуда, танҳо ба хабарҳои расмии Ҳукумати Тоҷикистон бовар намоянд.