ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки фаъолони ҲХДТ ва намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Сарқамиши Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова доир карда шуд.
Дар вохӯриҳо аз ҷониби ниҳоди ҲХДТ дар ноҳия ба сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ хонаву дари хешро ба тартиб дароварда, ҳамзамон ҳар як ваҷаб замини корами наздиҳавлигӣ ва заминҳои хоҷагии деҳқонӣ ва Президентиро самаранок истифода бурда, дар як сол то се ҳосил ба даст оваранд ва бештар маҳсулотҳои донагӣ кишт намоянд.