БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ НИЁЗИ МАРДУМРО БАРОВАРДА МЕСОЗАД

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Яке аз фазилатҳои неки моҳи шарифи Рамазон гирифтани дасти бенавоён ва расонидани кӯмак ба онҳо мебошад. Дар ин ҳошия Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо ҷалби соҳибкорон ва шахсони саховатпеша ба оилаҳои ниёзманд ва беморону шахсони яккаву танҳо дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” кумакҳои яквақтаинаи моддӣ расонида истодааст.

Чунин як иқдоми ҳизбӣ ба зани русзабони танҳо Лидя Антоновна, ки 84 сол дораду ба лутфу меҳрубонӣ ва кумак ниёз дорад, расонида шуд, ки модари азиз аз давлату Ҳукумат ва хосса Сарвари инсонпарвару башардӯсташ сипосгузорӣ намуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg