ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳо кӯшиш менамояд, ки заррае ҳам бошад пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намуда, ба оилаҳои ниёзманд кӯмакҳо мерасонад.
Дар моҳи шарифи Рамазон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар партави Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ба аёдати маъюби гурӯҳи 1-ум Мусулмонов Самад, ки 42 сол дораду модарзод маъюб аст рафта, ба ӯ кумаки молӣ расонид.