БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МЕҲНАТИ ХУБ ҲОСИЛИ ФАРОВОН БА БОР МЕОРАД

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  бо мақсади  тарғиби тарзи ҳаёти солим  оид ба пешгирии вируси (COVID-19)  ва истифодаи заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон  кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо сокинони деҳаи Анорбоғ бо усули “хона ба хона”  чорабинии ҳизбӣ баргузор карданд.

Масъулин дар рафти чорабинӣ ба сокинон варақаҳои иттилоотиро дастрас карда, аз онҳо ҷиҳати   оқилона ва самарнок истифода бурдани заминҳои корам  ба хотири  саҳм гузоштан дар таъмини  амнияти озуқаворӣ ва риояи гигиенаи шахсӣ бо мақсади  солим нигоҳ доштани  худ ва наздиконаш  аз бемории  сироятии коронавирус даъват ба амал оварданд.  Инчунин, таъкид карда шуд, ки он овозаҳои бардурӯғе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш карда мешаванд, бовар накунанд ва бо амалҳои созанда барои ояндаи неки худ ва фарзандонашон талош варзанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg