БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАҲРИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ТАДБИРҲОИ ЗАРУРӢ АНДЕШИДА МЕШАВАНД

ВАХШ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш, дар асоси дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Ҷамоати деҳоти Рудакӣ, деҳаи Дўстӣ-2 бо тариқи усули «хона ба хона» миёни мардум корҳои таблиѓотиву ташвиқоти ба роҳ монданд.

Дар ҷараёни корҳои фаҳмондадиҳӣ ба сокинон тарзи дурусти истифодаи ҳар қитъа замини корам, аз қабили заминҳои хоҷагии деҳқонӣ, заминҳои ёрирасонӣ Президентӣ, заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳо пешниҳод карда шуд.

Барои пешгирӣ, аз бемории сироятии коронавирус, ки тамоми сокинони оламро ба ташвиш овардааст, буклетҳо дастрас карда шуд, то ки аз тавсияҳое, ки дар он дарҷ карда  шудааст, истифода бурда, саломатии худро нигоҳ доранд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ваҳш  тибқи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии  ҲХДТ ҳамарўза бо усули “хона ба хона” корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намуда истодаанд.     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg