БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КӮДАКОН ОЯНДАИ ДУРХАШОНИ ТОҶИКИСТОНАНД

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замини корам кормандони Кӯдакистони “Донояки №2”-и ноҳияи Балҷувон аз таътили  15 рӯзаи кӯдакон истифода намуда, дар заминҳои боқимондаи назди бинои кӯдакистон  кишту корӣ маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили  картошка, помидор, бодиринг ва дигар  маҳсулоти кишоварзиро кишт намуда, ҳар ваҷаб заминро самаранок истифода намуда истодаанд.

Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар кӯдакистони мазкур оид ба самаранок истифода намудани ҳар ваҷаб замин  ва пешгирии бемории  коронавирус суҳбату вохӯрӣ доир карда, зимни суҳбат қайд карданд, ки кормандони кӯдакистон, ки бо кӯдакон сару кор доранд, дар таълиму тарбияи  насли наврас  машғул мебошанд,  пеш аз ҳама ба  гигиенаи шахсӣ риояи қатъӣ намоянд ва кӯдаконро дар рӯҳияи тозаю озодагӣ, зебоипарастӣ, ватандӯстию ватанпарварӣ тарбия намоянд, чунки онҳо ояндаи дурахшони Тоҷикистонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg