БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАХИРАИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ БА МАНФИАТИ МОСТ

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳия оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус вохӯрӣ бо сокинон  доир гардид.

Зимнан оид ба пешгирӣ аз ин бемор коронавирус, варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон дастрас карда шуд.Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, итилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  Алиев Зафар қайд намуд, ки паҳншавии ин вабо ба кишварҳои хурду бузурги олам ва ҳатто давлатҳои аз лиҳози техникаву технологияи пешрафта таъсири худро расонида, зиёни сахти ҷониву молӣ боиси нигаронии ҷиддии ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Мо шаҳрвандонро зарур аст бар зидди ҳамагуна  бемориҳои сироятӣ бо истифода аз  қоидаҳои беҳдоштӣ, риояи гигиенаи шахсӣ  муборизаи беамон барем. Сипас, дар идомаи чорабинӣ оид ба истифодаи ҳар порча замин тавсияҳо пешниҳод гардида, қайд карда шуд, ки истифодаи самараноки ҳар қитъа замини наздиҳавлигӣ, ташкили кишти зироатҳои кишоварзӣ ҷамъоварии ҳосили баланд ва захираи он ба манфиати халқ мебошад.

                                                                                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg