ВОКУНИШ. Имрӯзҳо паҳншавии босуръати бемории ҳамагири заҳрогини Коронавирус боиси таассуф ва нигаронии аҳли башарият гаштаву торафт доман паҳн мекунад. Боиси таассуф ва андуҳи гарон аст, ки шамоли наҳси вируси палид ба диёри азизи мо ҳам вазиду аллакай шуморе аз ҳамватанони гиромии мо бо нишонаҳои сироятёбӣ аз бемории мазкур ба қайд гирифта шудаанд. Боиси аҳсану миннатдорӣ аст, ки мақомотҳои марбутаи Ҳукумати кишвар ҷиҳати табобати дардмандон ва пешгирӣ аз паҳншавии ин беморӣ тамоми тадбирҳои беҳдоштиву тиббиро андешида истодаанд. Вале бадхоҳону душманони фурӯхташудаи миллат, аз қабили Кабириву кулли думравакону тақлидкорони бесаводу камақли лаъинаш дар шабакаҳои интернетӣ шабонрӯз ба қавле худро дарондаву ҷағонда аз мусибати ба сари башарият ва миллати азизи тоҷикомада манфиатҷӯӣ намуда истодаанд. Кабирии иблисмаоби лаъин гоҳ ҳамчун фолбину пешбин ва гоҳе худро ғамхори мардум нишон дода, аз вазъи баамаломада сӯйистифода менамояд. Кабирии малъун дар суханрониҳояш ҳамчун фолбин шарм надошта ҷор мезанад, ки ман пешакӣ гуфта будам ку коронавирус ба Тоҷикистон ҳам меояд, бовар накардед, анна дидед, ки вирус аллакай ба сарзамини тоҷикон ҳам омад. Хонандаи гиромӣ худ қазоват намоед, ҳамин ҳам кашфиёт шуд? Охир аз сироят наёфтан аз ин вируси ҳамагир ягон кишвар дар амон нест ва ҳатто кишварҳои абарқудрат пеши роҳи вуруди онро гирифта натавонистанд. Кабирии лаъини мағзмаслуқ бошад барои ин «кашфиёт» гирифтани кадом «мукофот»-ро орзу дорад. Кабирӣ ва думраваконаш аз фавти ҳамватанони мо ҳангомаву иғвоангезӣ намуда, ҳатто хабари фавти одамонро ба манфиати худ пахш менамоянд. Гӯё онҳо метавонистанд пеши роҳи марги одамонро бигиранд. Аслан шеваи наҳзатиҳои террорист ҳамин аст, ки атрофи фавти одамон мафиатҷӯӣ намоянд. Ҳамон тавре, ки солҳои ибтидои соҳибистиқлолии кишвар наҳзатиҳои малъун худ одамони бегуноҳро ваҳшиёна ба қатл мерасониданду дар маҳзари ом онро ба души тарафи муқобил бор мекарданд. Бояд зикр намуд, ки зарару зиёни расонида ва қатлу кушторе, ки аз ҷониби наҳзатиёни малъун нисбати ҳаммиллатони худ амалӣ карда буданд, аз зарару оқибатҳои нохуши вируси заҳрогини Сovid 19 ҳазорон маротиба зиёд мебошад. Барои Кабирии малъун ва наҳзатиҳои хоин арзишҳои миллӣ ва манфиатҳои Ватан ягон зарра қимате надоранд. Душманони миллат ба ивази пули ночизе, ки аз хоҷагону арбобони аҷнабиашон гирифтаанд, вазъияти душвори баамаломадаро таҳрифкорона шарҳу тавзеҳ дода, болои мусибати миллии бавуқуъомада мехоҳанд, фоҷиаи дигари миллӣ бо роҳи зӯрӣ сарнагун сохтани сохти конститутсиониро дар кишвар роҳандозӣ намоянд. Вале Кабирии лаъин ва ҳаммаслаконаш дониста бошанд, ки мардуми шарифи кишвар дигар ҳеҷ гоҳ ба сухани ифротиёну террористон гӯш намедиҳанд.
Аз тамоми ҳамватанони баномуси кишварамон даъват менамоем, ки дар баробари мубориза бо вируси заҳрогини Сovid 19, инчунин бар зидди суханҳои заҳрогину даъватҳои хоинонаи Кабирии лаъину пайраваконаш мардонавор истодагарӣ намоем. Ҳамчунин, дар шароити баамаломада чун шаҳрвандони ватандӯсти кишварҳои дигар ҳар фарди ватандӯсту миллатдӯсти моро низ мебояд дастёру кумакрасони давлату Њукумати хеш бошем. То ин ки ин рӯзҳои душвору мушкилро сарбаландона паси сар карда, дар таъмини бақои давлатдории миллиамон саҳми арзандаи таърихӣ дошта бошем.
Одилҷон Маҳмадов, Раиси КИ ҲХДТ дар н.Вахш