БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУРОҶИАТНОМА ОИД БА ОҚИЛОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ ЗАМИНҲОИ НАЗДИҲАВЛИГӢ

Ҳамдиёри муҳтарам,
Ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ва истифодаи самаранок аз ҳар порча замин бо мақсади беҳтар гардонидани вазъи таъминоти рӯзгор бояд дар меҳвари таваҷҷуҳи ҳамагон қарор гирад.
Дар ҳамин робита, мову Шуморо зарур аст, ки ҳар як ваҷаб замини назди ҳавлии худро оқилона истифода бурда, бо ин васила, хароҷоти рӯзгорамонро камтар ва вазъи иқтисодии оилаамонро беҳтар намоем.
Бинобар ин, хоҳишмандем, ки дар замини назди ҳавлиатон маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, наску нахӯд, лӯбиё, мош ва монанди инҳоро кишт намуда, бо ҳосили заҳмати худ як қисмати талаботи рӯзгоратонро таъмин намоед.

РАЁСАТИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ҲХДТ ДАР НОҲИЯИ ЁВОН

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg