БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ХУДОЁ, ЧӢ ДАҲШАТЕСТ БЕМАЪРИФАТӢ....!!!

ВОКУНИШ. Ин рӯзу шабҳо дар саҳифаҳои интернет андешаву назарҳои шаҳрвандони ҷумҳуриро атрофи пайдоиши Коронавирус мехонаму дар аксар вақт бовар кунед, аз шарм дар бемаърифатии баъзеҳо ҳайратӣ мешавам.
О, наход, насли имрӯзи миллати ман, то ба ин ҳад пайраву ҳамақидаи душманони миллат бошад, ки аз тарҳи рехтаи кишварҳои Ғарб пуштибонӣ мекунаду доман густурдани ин бемориро низ ба Исломи ноб омезиш медиҳад???.
Наход то ин ҳад бовар доред, эй корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, бефаҳму беидрок шудаед, ки дар як маҳбас ба мусалмон ситам кардаанд ва китоби қудсиро сӯзонидаанду ин ҷо, дар ин гӯшаи Уҳани Чин Коронавирус хуруҷ кардааст.
Айб аст, бо ин хулосабарориҳое, ки шумо мекунед, яқин донам, ки аз одамияту фарҳангу маърифат ва бисёр хислатҳои шахси бомаърифат фарсахҳо дуред!
Охир, андешамандона, як маротиба ба таърихи давлатдории тоҷикон ва дигар миллату халқиятҳои ҷаҳон назар кунед, ягон ислоҳоту навовариву ҷангу таҳмили хушунату тасмим гирифтанҳошон бе мушорикати дасти сеюм набуду нест!?.
Бо ин, ки шумо ё бесаводед, ё худро нодон “метарошед”-у гумонам даст бар ҳар имкони мардумро саргарангу аз роҳ баровардан доред, яқинан ба шараф ва номуси миллии тоҷик будан ва  билло, ки аз Худо наметарсед! Метарсам аз касе, ки наметарсад аз Худо!
Ва ин, ки ин вируси баҳалокатоварандаи аҳли башар аз куҷову аз чӣ пайдо шуд, ахиран исботи худро меёбаду ҳамоне, ки ба мардум ҷабру ситам ва азобу машаққатро раво дидааст, ҷазои сазовор низ хоҳад гирифт.
Кош, дар ин кор, агар дастам мерасиду ҳамонҳоеро, ки чунин андешаҳои ботилро ба воситаи интернету дар суҳбатҳо ба аҳолӣ таҳмил мекунанду “бо донишу саводи” динии худ тафохур доранд, пайдо мекардаму пеши мардум сангсору шарманда мегардондам.
Аммо чизи дигари нобахшиданӣ ин аст, ки аз ким-куҷои дунё ана ҳамон мухолифони миллат ба ин бефаҳму беидрокҳо як луқма мепартоянду андешаи кори дасти душманони Ислом будани гирифторӣ ба Коронавирусу офатҳои табиӣ, заминларзаю сӯхтор, обхезиву гармшавии иқлимро талқин мекунанду худ аз дур истода, барои ин бозии андохтаашон, аввалан, ки маблағи ҳаром ба даст меоранд ва дуюм ба ҳоли ҳаммеҳанони худ механданд. Аммо набояд фаромӯш созед, ки “ҳамоне механдад, ки аз ҳама охир механдад”.
Маънии ин ҳикмат дар он аст, ки масхара кардани мардум ба нестиву хандахариши аҳли чомеа гардидани онҳоест, ки бадиву зишткорӣ пеша кардаанд.
Ва инҳо, ки майнаи сарашон ҳеҷ шарбати ҷоми маърифатро надидаву нашамидаанд, ба хитойситезӣ машғуланд, бехабар аз он, ки дар саргаҳи ҳама бадбахтиҳои мардумони олам ҳамон кишварҳои абарқудрат истодаанд, пеши чашмашонро пулу мол, ҷоҳу ҷалол, ҳирси ғасби давлатҳо тира кардаасту ҳатто марги худро андеша намекунанд. Вале:
“Ҳар кӣ бад кунад, ба рӯзи бад расад, некиро некию бадро бад расад”-гуфтаанд бихрадон.
Ва агар имрӯз ҳамон кишвари Чин бо онҳо дар ихтирои афзору асбоби ҷангии атомию ядроӣ ҳамдастӣ мекард, валло ки ҳар фарди чиниро ситоиш менамуданду ба сарашон ин қадар вирусу ин қадар балоро намеоварданд.
Имрӯз Ғарби тахрибкору сияҳандеша на фақат сари мардуми Хитой, балки ба мусулмонон низ зиён оварданист ва инро аз роҳи бо дасти худи қавму миллатҳо несту нобуд кардани ҳамдигарӣ!
Пас, ҳадаф аз худро ин қадар хуни ҷигар карданҳоям, ба он хотир аст, ки ҳар фарди Тоҷикистони азизам, ҳар куҷое, ки ҳарфе мешунаведу мегӯед, андеша кунед, ҳушёр бошед, ки аз худи шумо бар зидди шумо истифода карда, ба нобудӣ гирифторатон мекунанд.
Ин чиркҳои зери нохун, ин зишткорону беандешаҳои бедину бехудо, миёни мо ҷосусҳо доранд, бемаърифатонеро аз миёни мо интихоб кардаанду тавассути онҳо дар мағзу пӯсту устухони мо гумонҳои ботилро ҷой мекунанд, кам нестанд. Ҳадафи онҳо сармоя ва сиёсат, ба вартаи ҳалокат дучор кардан асту бас, чизи дигаре нест!

Алифов Ҷаҳонбек, муовини роҳбари Муассисаи шабакаи КАТС-и ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg