БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОГОҲИИ АҲОЛӢ ПЕШГИРИИ БЕМОРИРО БЕҲТАР МЕГАРДОНАД

АНДЕША. Охири соли гузашта пайдо шудани бемории тоҷвирус ва дар як муддати кӯтоҳ қариб дар тамоми рӯйи олам паҳн гардидаву боиси фавти одамони зиёд гардидани он инсониятро ба таҳлука овард. Ин ҳодисаи фалокатбортарин дар солҳои баъди ҷанги дуюми ҷаҳон ба шумор меравад. Ин вирус бо суръати баланд ва ғайричашмдошт рӯйи ҷаҳонро фаро гирифт, ки ҳама дар пешгирии он оҷиз монданд. Пас, вирус чист ва мо дар бораи он чиро медонем?

Вирус аз нуқтаи назари илмӣ хамчун як унсури кимиёӣ шинохта шуда, мавҷудотест, ки агар дар дохили ягон организми дигар набошад, қобилияти зинда монданашро аз даст медиҳад. Вирус аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънояш заҳр мебошад. Сабаби мустақилона дар табиат вуҷуд надоштанашон-надоштани органоидҳо мебошад. Органоидҳоро агар ба лафзи нисбатан соддатар тарҷума намоем, маънои узвчаҳоро медиҳад. Яъне, қисмхои зарурии таркибии ягон организми нисбатан мукаммал, ки қобилияти мустақилона фаъолияти зиндагӣ карданро доро мебошад. Пас органоидҳоро чунин таъриф додан мумкин аст: қисмҳои таркибии организм ё ҳуҷайра, ки равандҳои ҳаётиро дар ҳуҷайра ё дар организм таъмин менамояд.         

Чи қадаре ки дар организм миқдори органоид камтар бошад, ҳамон қадар организм содда шуморида мешавад. Мисоли организмҳои содда бактерияҳоро шуморидан мумкин аст. Дар дохили бактерияҳо якчанд органоид, ба монанди ядрои соддаи аз муҳити ситоплазма ҷудонашуда, омезаҳо ва рибосома дида мешаваду халос. Аз ҳамин сабаб аксарияти бактерияҳо (ба истиснои сианобактерияҳо) организмҳои гетеротрофӣ мебошанд, яъне организмҳое мебошанд, ки ба ғизои тайёр эҳтиёҷ доранд.  Агар бактерияҳо ин  ғизои тайёрро  аз организмҳои зинда гиранд, онҳоро муфтхӯр ва агар аз организмҳои  мурда гиранд, онҳоро организмҳои сапротрофӣ, яъне пӯсонанда мегӯянд. Организмҳои сапротрофӣ, яъне пӯсонандаи организмҳои мурда дар табиат аҳамияти калонро доро буда, ҳамчун санитарҳои табиат шинохта мешаванд. 

Бактерияҳои муфтхӯр бошанд, омили пайдо шудани бемориҳои гуногуни сироятӣ, аз қабили сил, домана, вабо (холера), тоун (чума), гулӯдард (ангина), музмини пардаҳои мағзи сар (менингит), кабудсулфа (коклюш) мегарданд.  Тибби муосир қудрат ва тавони бо ин бактерияҳо мубориза бурданро дорад, чунки оид ба сохти ин бактерияҳои касалиангез маълумотҳои зарурӣ мавҷуданд ва аз ҳама муҳимаш ин бактерияҳо дорои органоидҳои махсусе мебошанд, ки сохторашон ва вазифаашон ба олимон маълум аст. Шояд саволи табиие пайдо шавад, ки ин маълумотҳои сохтории бактерия барои мубориза ба онҳо чи аҳамиятро доро мебошад?

Аҳамияташ дар он аст, ки олимон доруҳоеро истифода мебаранд, ки фаъолияти онҳо ба муқобили ин органоидҳо равона карда шудааст. Вақте ки органоид дар натиҷаи таъсири дору аз кор мемонад, бактерия аз фаъолият бозмонда, нобуд мешавад ва бемор шифо меёбад. Ин мисолро оддитар низ фаҳмонидан мумкин аст: вақте ки яке аз узвҳои душман,  ба монанди даст ё пояш бурида шавад,  заиф мегардад  ва агар узви муҳимаш, масалан сараш нобуд карда шавад,  мемирад.

Вирусҳо бошанд, нисбати бактерияҳо ниҳоят соддаанд. Онҳо умуман дорои органоидҳо нестанд ва танҳо дар дохили организмҳои дигар фаъолияти ҳаётии худашонро зоҳир карда метавонанд. Ҳамаи вирусҳо муфтхӯранд ва онҳо ҳатто дар даруни бактерияҳо дохил шуда, муфтхурӣ мекунанд ва аз ҳамин сабаб онҳоро бактериофаг низ мегӯянд, ки маънои луғавиаш фурӯбарандаи бактерияҳо мебошад. Ҳарчанд ки онҳо бактерияҳоро фурӯ набурда, балки баръакс ба даруни бактерия худ фурӯ мераванд, аз рӯйи нуқтаи назари кимиёӣ вирусҳо нуклеопротеинҳо мебошанд. Ҳамаи вирусҳоро вобаста аз қисми нуклеотидиашон ба ду гурӯҳи калон ҷудо мекунанд: вирусҳои КДН-дор(кислотаи дезоксирибонуклеинт) ва вирусҳои КРН-дор (кислотаи рибонуклеинат). Ба вирусҳои КДН-дор дохил мешавад - вируси нағзаки одам, гӯсфанд, хук, аденовирусҳои одам. Аксарияти вирусҳо КРН-дор мебошанд - ба монанди вируси энсефалит, сурхакон, сурхча, ҳорӣ (бешенство), зуком ва Коронавирус. Коронавирус аз он сабаб чунин ном гирифтааст, ки ҳангоми муоинаи ин вирус дар зери микроскоп, мо барҷастагиҳо ё шохаҳоеро мебинем, ки тоҷмонанд аст ва аз ҳамин сабаб "корона", яъне "тоҷ" номида шудааст. Коронавирусҳо аз оилаи вирусҳое мебошанд, ки то январи соли 2020 40 намудро доро буданд. Тоҷҳои ин вирусро табиаташон сафедагӣ буда, вазифаи ниҳоят муҳимро иҷро менамоянд, яъне ҳангоми ба ҳуҷайра дохил шудан, ин сафедаи тоҷ, худашро вонамуди (иммитация) як зарраи муҳими хӯрок мекунад ва аз тарафи ретсепторҳои ҳуҷайра барои ворид шудан ба ҳуҷайра боздошта мешавад. Баъд аз ин вирус ба ҳуҷайра часпида, ба дохилаш маводи генетикии худашро мисли сӯзандорӯ мегузаронад. Маводи генетикии короновирус КРН буда, баъд аз дохил шудан ба ҳуҷайра, якумин кораш ин мебошад, ки маводи генетикии ҳуҷайраи хуҷаинро хунсо намуда, маводи генетикии худашро, яъне программаи вирусии худашро дар дохили ҳуҷайра мегузорад. Дар натиҷа маводи генетикии вирус бисёркарата дубликатсия (дучанда) карда мешавад ва баъд аз он ин мавод бо истифода аз сафедаҳои таркиби ҳуҷайраи хуҷаин бо капсиди мустаҳками табиати липопротеиндошта пӯшонида шуда, ахиран аз ҳуҷайра ба берун бароварда мешавад. Ин раванди сироятии вирус ба ҳуҷайраҳои солим боиси марги онҳо мегардад ва раванди пайдо шудани аломатҳои бемории вирусиро муайян мекунад. Коронавирусҳо ширхӯрон, ба монанди  одамон, саг, гурба, хук, гов ва парандагонро сироят карда метавонад. Дар ин сурат манбаи беморӣ ин ҳайвонҳо ва одамони ба беморӣ гирифторшуда мебошанд. Роҳҳои сироятёбӣ ба ин вирус: ҳавогию-қатрагӣ, ҳавогию-гардӣ, ахлотию-даҳонӣ (фекально оральный) ва дар вақти робитаи мустақим бо шахси бемор мебошад. Ин бемориро мо метавонем ба бемориҳои мавсимӣ низ дохил намоем, чунки нуқтаи баландтарини ин беморӣ ба фаслҳои зимистон ва аввалҳои баҳор рост меояд. Баъди аз сар гузаронидани беморӣ, дар одам иммунитети ниҳоят кӯтоҳмуддат пайдо шуда, ҳодисаи аз сари нав ба ин беморӣ гирифтор шудан низ муайян шудааст. Давраи ҳаёти махфии ин вирус ба 14-15 рӯз баробар аст ва аз ҳама бештар дар ҳамин давра одами сироятёфта бемориро ба шахси солим мегузаронад. Аввалин аломатҳои ин беморӣ баландшавии ҳарорат ва пайдо шудани сулфаи хушк мебошад, ки оҳиста -оҳиста ба пневмония мубаддал мегардад. Баъд аз оне, ки вирус бо воситаи атса ё сулфа, ба шакли аэрозол ба берун интиқол дода мешавад, вобаста аз ҳарорати муҳити атроф якчанд муддате зинда боқӣ мемонад. Масалан агар муҳити атрофро ҳарораташ ба 33®© баробар бошад 16соат ва агар ба  56®© баробар бошад,  ҳамагӣ 8 соат вирус зинда монда метавонад. Чуноне, ки ҳамеша таъкид мегардад пешгирии ин қабил бемориҳои хавфнок беҳтар аз табобати онанд. Аз ин рӯ дар мубориза бо паҳншавӣ  ҳамагонро мебояд маълумотҳоро оид ба ин вирус зиёдтар пайдо намуда, усулҳои пешгириро риоя намоянд. Ин вирус қариб, ки дар тамоми рӯйи олам паҳн шуда, давлатҳои қудратмандтарини ҷаҳон аз фавти зиёди одамон хабар медиҳанд.

 

Гурезов Абдулазиз, омӯзгори  Коллеҷи тиббии иҷтимоӣ дар шаҳри Левакант, аъзои гурӯҳи волонтёрӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg