БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ САНИТАРИЮ ГИГИЕНӢ-ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРӢ АЗ КАСАЛИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС

АНДЕША. Давлатҳои абарқудрат барои мақому  бузургии худро нишон додан дар арсаи ҷаҳони муосир бо якчанд намуди яроқҳои атомӣ ва технологияҳое, ки инсониятро ба ҳайрат мегузошт, дер давом накард. Дар охири моҳи декабри соли 2019 дар давлати Чин вирусе ба ном (COVID-19), яъне Коронавирус ба қайд гирифта шуд, ки ҷаҳонро ба ташвиш овард. Бо шарофати сиёсати пайгиронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон давлату Ҳукумати Тоҷикистон амалҳои судманду умедбахшро дар ин ҷода роҳандозӣ намуд. Бо қарори  ситоди умумиҷумҳуриявӣ бобати  пешгирӣ аз паҳншавии ин касалии сироятӣ аз 27.04.2020 муваққатан фаъолияти муассисаҳои таълимӣ боздошта шуда, баргузории чорабиниҳои серодам муваққатан  манъ карда шуданд.

Мутмаинам, ки ин амали давлату Ҳукумати Тоҷикистон басо амали саривақтию судманд буда, барои ҳифзи саломатии мардуми кишвар мусоидати пурра мекунад. Дар навбати худ ман ба тамоми сокинони ҷумҳурии азизамон муроҷиат мекунам, ки ба ҳар гуна ҳангомаҳои беасосу бардурӯғи баъзе аз ашхоси ношукр бовар накунанд. Чунки  айни замон давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳама самтҳо побарҷост ва барои аз ин мушкилоти сиёсиву иктисодии ҷаҳон раҳоӣ ёфтан қудрату тавоноияш басанда аст.

Солиҳов Фирдавс, сокини ноҳияи Панҷ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg