БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЛЛАТ ХИЁНАТҲОИ НАҲЗАТИЁНРО ФАРОМӮШ НАКАРДААСТ

ВОКУНИШ. Миллати тоҷик аз хиёнатҳои ташкилоти эктремистию террористии Ҳизби наҳзати ба ном исломӣ  ва сарпарастонашон, ки ин ташкилоти террористиро бо силоҳу маблағ таъмин мекарданд, огоҳӣ доранд.

Дар даврони ҷанги шаҳрвандӣ  баъзе аз масъулини ин ниҳоди террористӣ худро генералҳои мардумӣ эълон намуда, дар байни мардум бо қавли худ амри маъруфу наҳи мункар мекарданду мардумро ба ҷанг даъват менамуданд. Баъзе аз генералҳои нимчамулло, ки ҳатто ҳарфи Қуръонро намешинохтанд, дар баромадҳояшон қайд намуда буданд, ки “Шумо тир кушоед агар тири Шумо каҷ равад Худованд фариштагонеро мефиристад, ки тири шуморо ба синаи душман мерасонад”. Роҳбарияти ин ташкилоти террористӣ равшанфикрону зиёиёнро  кофар эълон намуда, фармони қатли онҳоро бароварда буданд.  Ба хотир дорем лазаҳоеро, ки ин ташкилоти террористӣ шабакаҳои телевизионии кишварро ба ихтиёри худ дароварда буд,  ҳар соати муаяйн ахборҳои хоҷагони хориҷиашонро, бахусус ахбори давлати Исломии Эронро ба тавру мустақим пахш мекарданд.  Тариқи шабакаҳои телевизионӣ тарафдоронашонро ба майдони шаҳидон даъват мекарданд ва кӯшиш мекарданд, ки сафи худро  аз  нафарони ҷоҳилу нодон пур намоянд, чунки идоракунии чунин ашхос хеле осон аст, ҳамин хел ҳам шуд. Ашхоси нодону ҷоҳил ба сафи ин ниҳоди террористӣ ҳамроҳ мешуданд, чун намедонистанд пушти ин ҳама ваъдаҳои дурӯғу ҷоҳилонаи онҳо чи касоне меистанд ва мақсадашон чист. Ҳамин хел оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга гирифт, дар натиҷа ҳамарӯза одамони зиёд қурбон мегардиданд. Ҳамарӯза мешунидем, ки сарбозони ин ташкилоти террористӣ шахсиятҳои бонуфузи кишварро барои рӯйпуш кардани ҷиноятҳояшон ба қатл мерасониданд. Далели  ин гуфтаҳо қатли бераҳмонаю ваҳшиёнаи Прокурори Генералии ҷумҳурӣ Нурулло Ҳувайдуллоев мебошад, ки аз ҷониби сарбозони ба ном муҷоҳиди ТЭТ ҲНИ ба қатл расонида шуд. Барои ин душманони миллат чизе арзиш надошт, ҳар ки зидди ақидаи онҳо сар боло мекард, бо бадтарин шеваҳо ба қатл расонида мешуд.

Зоиров Савзалӣ, муовини   раиси КИ ҲХДТ       дар шаҳри Норак

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg