БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМИ НАВБАТИИ ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ «ЗЕБУНИСО»

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ баҳри пешгирӣ аз бемории коронавирус дар ташкилоти ибтидои «Зебунисо» вохӯрӣ анҷом доданд.

Масъулин дар назди иштирокдорон дар бораи паҳншавии бемори Коронавирус дар саросари олам ва таҳдиду хатари он ба ҳаёти осоиштаи инсоният ибрози ақида карда, аз ҳозирин барои риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ  даъват ба амал оварданд. Зимни суҳбат қайд карданд, ки  ба ҳар гуна овозаҳои беасоси  шахсони  манфиатҷӯ бовар накарда,  танҳо ба хабару гузоришҳое, ки тариқи васоити  ахбори умуми расмии Ҳукумати Тоҷикистон дода мешавад, бовар намоянд ва барои муҳофизат аз сироятёбӣ ба ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ба қоидаҳои беҳдоштӣ риоя намоянд, то ин ки худ ва атрофиёнро аз сироятёбӣ ҳифз кунанд. Баъдан раиси ташкилоти ибтидоӣ Холмадова Мастура иброз дошт, ки ташкилоти ибтидоии мазкур  тасмим гирифтааст, ки баҳри пешгирӣ аз ин вабои аср дар рӯзҳои наздик беш аз 200  адад ниқобҳои зиддисироятиро  ба сокинон  ба таври ройгон  кумак  менамояд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg