БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ БОШ!

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотиро бо усули “хона ба хона” ва ҳамчунин истифода бурдани оқилона ва мақсадноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон дар деҳаи Себзори Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ ба роҳ монда шуд.

Масъулин дар рафти чорабинии мазкур қайд намуданд, бемории сироятии (COVID-19) дар як муҳлати кӯтоҳ зиёда аз 210 давлати сайёраро убур кардааст, ки сироятёбиаш аҳли оламро то ба ҳол ба коми  марг кашида истодааст. Зиёда аз чор моҳ мешавад, ки хавфи бемории коронавирус аҳолии ҷаҳонро ба таҳлука андохта, ин бемории сироятӣ  90 дар сади калонсолонро гирифтори худ гардондааст. Бемории вабои нав садҳо ҳазор одамонро мубтало карда, даҳҳо ҳазор ҳаёти одамони рӯи оламро аз байн бурдааст. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg