БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ АЗ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ҲАТМИСТ

ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар ҳамбастагӣ бо ташкилоти ибтидоии "Маркази саломатӣ" корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти маводҳои таблиғотиро бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти Панҷ ба роҳ монда шуд.

Зимни суҳбат масъулин қайд намуданд, ки роҳҳои пешгирии ин бемории сироятӣ пеш аз ҳама шустани дастон бо собун, ки ин муҳимтарин пешгирии коронавирус мебошад, фаромӯш набояд кард. Дар вақти сулфа ва атса задан даҳон ва биниро бо рӯймолчаи яккарата пӯшондан, то ки ба атрофиён зарар нарасад. Пеш аз тайёр намудани хӯрок ва пеш аз истеъмоли ғизо, баъд аз қазои ҳоҷат ҳатман дастонро бо собун ду-се маротиба шустан лозим аст. Агар, табларза сулфа ва нафаскашии душвор дошта бошед, сари вақт ба духтур муроҷиат кардан ин яке аз ҳимояи саломатӣ ва доштани маърифати шаҳрвандӣ  ба шумор меравад. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg