
Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии « Нафақа»-и ноҳияи Носири Хусрав маҷлиси ҷамъбасти семоҳаи якуми соли 2020 ва вазифаҳои навбатӣ баргузор гадида, дар он фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи аввал баррасӣ ва муҳокима карда шуданд. Доир ба фаъолияти ташкилоти ибтидоӣ дар семоҳаи аввали соли 2020 раиси ташкилоти ибтидоӣ Гулов Муҳаммад ҳисобот дод.
Сипас, дар бораи суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси фаврӣ ва ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ба сокинони мамлакат вобаста ба пешгирии хатари вируси даҳшатноки коронавирус, истифодаи самараноки ҳар қитъаи замин, ташкили кишти зироатҳои кишоварзӣ ва захираи он аз ҷониби намояндагони ҳизби ноҳия андешаронӣ карда шуда, ба шахсони мутасаддӣ оид ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Роҳбари давлат як қатор маслиҳатҳои судманд дода шуд.
Дар охири маҷлис кақша-чорабиниҳои ташкилоти ибтидоӣ оид ба ташкили корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.