БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ЧӢ БОЯД КАРД?

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба таъмини дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ  оид ба пешгирии  хатари  бемории  коронавирус гурӯҳи  кории Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   тибқи  ахбори расмии  сомонаи  Вазорати  тандурустӣ ва  ҳифзи  иҷтимоии  аҳолӣ   дар  байни  мардум бо  усули  «хона  ба  хона» ҳамзамон   истифодаи   дурусту  оқилонаи заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ  ба  роҳ  монда  истодаанд.

Гӯрӯҳи  корӣ  ҷиҳати  ба дарки  сокинон  расонидани роҳҳои  пешгирии бемории  коронавирус   дар  деҳаи  Орзуи   Ҷамоати  деҳоти Фирӯза   бо  усули  «хона  ба  хона»  чорабинии ҳизбӣ   баргузор  намуда,  фаҳмониданд, ки қоидаҳои  беҳдоштиро дар  хонадонашон  нигоҳ  доранд  ва барои  пешгирии  беморӣ  варақаҳои  тавсиявӣ  дастрас карданд. Ёдовар  шуданд, ки бештар  ба  гигиенаи  шахсӣ риоя кунанд  ва аз  иштирок дар  ҷойҳои  серодам  ва  ҳар  гуна  ҷамъшавиҳои  безарурат худдорӣ намоянд, аз  ниқобҳои  яккарата  истифода  баранд, дастонро  бо  собун шӯянд, зеро мо агар ин қоидаҳои беҳдоштиро риоя намоем, худ ва дигарон аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҳифз менамоем.

Ҳамзамон,  оид  ба  амалигардонии  дастуру  супоришҳои  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста  ба  вазъи  ноустувори  ҷаҳони  муосир  дар  шароити  шиддат ёфтану  афзоиши  таҳдиду  хатарҳои глобалӣ,  аз  ҷумла  вируси даҳшатноки «СОVIД-19» корҳои  мушоҳидавию фаҳмондадиҳиро ҷиҳати  истифодаи  самараноки  ҳар  қиъаи замини   наздиҳавлигӣ, заминҳои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ва  Президентӣ ташкили  кишти зироатҳои  хӯрока,  ҷамъоварии ҳосили баланд  ва  захираҳои тавсияҳои судманд дода шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg