ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маљлиси љамбастии семоҳаи якуми ташкилоти ибтидоии ҳизбии маҳаллаи ба номи «Т.Довидов » бо иштироки корманди масъули Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Ғуломов Саидасрор баргузор гардид. Зимнан ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ оид ба љамъбасти фаъолияти семоҳаи ташкилоти ибтидоии мазкур ва вазифаҳои аввалиндараља шунида шуд. Сипас, намояндаи ҳизби ноҳия ба сухан баромада, барои фаъолияти пурсамари ташкилоти ибтидоӣ дар тӯли се моҳ изҳори миннатдорӣ баён карда, афзуд, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар оянда низ тибқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ дар татбиқи ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, аз љумла тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинон, самаранок истифода бурдани қитъаҳои замин ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз корҳои тарғиботиро љоннок карда, фаъолияти ташкилоти ибтидоиро боз ҳам пурзӯр намояд. Инчунин, Ғуломов Саидасрор дар бораи бемориҳои сироятӣ, алалхусус бемории коронавирус ба ҳамагон маълумоти муфассал дода, таъкид кард, ки ҳифзу нигоҳдошти саломатӣ аз ҳама муҳим мебошад. Дар охир ба иштирокдорон маводҳои тарғиботиро дастрас кард.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)